Қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол» соҳиби Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё гардид.

Дар бозии ниҳоии мусобиқоти мазкур, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт доир гардид, футболбозони тоҷик бар дастаи «Ал-Аммарӣ»-и Фаластин бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуданд.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 21-ум футболбозони фаластинӣ кушоданд. Дар дақиқаи 69-ум ҳисоби бозиро Даврон Эргашев мусовӣ ва дар дақиқаи 78-ум Дилшод Восиев боз як голро вориди дарвозаи ҳариф намуда, ғалабаро таъмин кард.

Қобили зикр аст, ки дар вохӯрии ниҳоии Ҷоми президенти КФО ҳамроҳ бо 20 ҳазор нафар тамошобинон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дошт.

Ғолиби Ҷоми президенти Конфедератсияи Осиё бо 50 ҳазор ва дастаи зинаи дуюмро ишғолнамуда бо 25 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ сарфароз хоҳад шуд.