Дастаи футболи «Истиқлол» (Душанбе) соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати лигаи олии футболи Тоҷикистон шуд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии мавқуфгузоштаи давраи 23-юм футболбозони дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 5 бар 0 бар дастаи «Энергетик» (Душанбе) дастболо шуданд.

Дар чемпионати имсола баргузории танҳо як вохӯрии ҳалкунанда боқӣ монд. Рӯзи 29-уми ноябр бозии дастаи «Истиқлол» бо «Равшан»-и Кӯлоб доир мегардад.

Дар сурати ғалаба дар ин вохӯрӣ футболбозони «Равшан» бори нахуст дар таърихи даста ба гирифтани медалҳои тилои чемпионат мушарраф хоҳанд гардид. Дар сурати мусовӣ ё бохти дастаи «Равшан», тими «Регар-ТадАЗ» ғолиби чемпионат мегардад.