Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода мустақиман ба давраи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳхат гирифт.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мактуби расмии КФО ба ФФТ зикр шудааст, ки дорандаи Ҷоми футболи давлати Баҳрайн – дастаи «Муҳаррак» аз иштирок дар давраи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми КФО-2013 даст кашида, дар ин робита, дастаи «Регар-ТадАЗ» дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои «Сафо» (Лубнон), «Риффа» (Баҳрайн) ва ғолиби Ҷоми КФО  - тими «Қувайт» (Қувайт) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2013 дастаи «Регар-ТадАЗ» мебоист дар даври интихобӣ бо ғолиби вохӯрии дастаҳои «Ал-Ваҳда» (Сурия) ва «Ал-Аҳли Тайиз» (Яман) вохӯрӣ анҷом дода, дар сурати пирӯзӣ ба даври гурӯҳӣ роҳхат мегирифт.

Ёдрас мекунем, ки ғолиби лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Равшан»-и Кӯлоб низ дар ин мусобиқот иштирок мекунад. Дар гурӯҳи «D» ҳарифони «Равшан» тимҳои «Ал-Қадисия» (Қувайт), «Ал-Рамта» (Урдун) ва «Ал-Шорта» (Сурия) мебошанд.

Мусобиқоти даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2013 аввали моҳи марти соли оянда оғоз гардида, ахири моҳи май ба анҷом мерасанд.