Дар мусобиқаи ХХХII-уми умумиросиягӣ оид ба дзюдо дар вазни то 100 кг паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён барандаи медали тило гардид.

Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ хабар дод, мусобиқаи мазкур дар шаҳри Новосибирскии Русия таҳти унвони «Дӯстии халқҳо» бо ширкати зиёда аз 100 варзишгари кишварҳои ҳамсоя баргузор шуд. «Комроншоҳ дар панҷ муҳорибаи хеш тавонист бо усули маъруфи иппон ҳарифонро шикаст диҳад», - гуфт вай.

Бояд тазаккур дод, ки Комроншоҳи Устопириён 19-сол дошта, соли 2012 ду маротиба барандаи Ҷоми Аврупо (ҳам миёни ҷавонон ва ҳам бузургсолон), ду маротиба барандаи медали тилои мусобиқаҳои байналмилалӣ  ва ҳамчунин барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё (Тайван моҳи октябр)  дар риштаи дзюдо гардидааст. 

Инчунин дар намуди самбо се маротиба унвони қаҳрамони Ҷаҳон миёни ҷавононро ба даст овардааст.