Федератсияи дзюдои кишвар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хотираи гиромидошти президенти фахрии дзюдои ҶТ, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Саидмуъмин Раҳимов аввалин мусобиқаи мутлақи кушодаи ҷумҳуриявӣ дар намуди дзюдоро доир мекунад.
Тавре котиби матбуотии Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев хабар дод, роҳбарии умумии мусобиқа ба зиммаи Кумитаи ҷавонон вогузор гардида, рафти гузаронидани мусобиқа ба уҳдаи ҳайати доварони Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ вобаста карда мешавад.
«Мақсад аз баргузории мусобиқа тарғиби гӯштини дзюдо байни ҷавонон, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат миёни кишварҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани малакаю маҳорати олии варзишгарон аст», - гуфт ӯ.
Ба қавли вай, мусобиқа рӯзи 6 апрели соли 2013, дар «Маҷмаъи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор мегардад.
«Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони (мардҳо аз сини 18 боло) шаҳру ноҳияҳои тобиеи ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва кишварҳои хориҷӣ роҳ дода мешаванд. Мусобиқа аз рӯи вазни мутлақ аз вазни 81 кг боло гузаронида мешавад», - иброз дошт сухангӯи КМО ҶТ.
Зимнан зикр гардид, ки варзишгароне, ки дар вазнҳои худ ҷойҳои 1, 2 ва 3 юмро ишғол менамоянд бо диплом ва медали Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин бо мукофотҳои пулии 25, 10 ва 7 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Президенти Ӯзбекистон имрӯз ба Душанбе меояд
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста