Чаҳор нафар варзишгарони мактаби маъюбони бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб Тоҷикистонро дар Олимпиадаи махсуси зимистонаи маъюбон, ки дар шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад, ҳимоя карданд ва  соҳиби ду медали тилло ва ду нуқра шуданд.

Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Муродалӣ Ташаев хабар дод, варзишгари тоҷик Файзидин Тӯраев оид ба намуди лижаронии кросси классикӣ дар масофаи 500 метр мақоми аввалро соҳиб гардида медали тиллоро соҳиб шуд. «Ҳусейн Хоҷаев масофаи 100 метрро аввалин шуда тай кард ва дуюмин медали тиллои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба даст овард», - иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, Фарида Назарова ва Анастасия Пинкова дар рақобатҳо миёни бонувон соҳиби медалҳои нуқра гардиданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Дилбар Каримова ва Зайниддин Давлатов ба олимпиадаи мазкур сафарбар шуда буданд. Олимпиадаи махсуси маъюбон то 6 феврал идома хоҳад кард.