Аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои омодагии ду нафар варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои литсензионӣ - яке Андрей Дригин ва дигаре Соҳибназари Турсунмурод идрорпулии олимпӣ (стипендия) ҷудо мегардад.

Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев хабар дод, ин маблағ баҳри омодагии ин ду варзишгар ба Бозиҳои олимпии зимистонаи Сочӣ дар соли 2014 маҳсуб ёфта  давоми як сол тӯл мекашад.

Бояд тазаккур дод, ки Андрей Дригин  борҳо шарафи кишвари моро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳимоя менамояд ва аз ин қабл дар Бозиҳои олимпии зимистонаи Ванкувер ширкат намуда буд. 

Соҳибназари Турсунмурод бошад 17-сол дошта, дар Бозиҳои зимистонаи Эрон, Қазоқистон ва чанде дигар мусобиқаҳо ширкат намуда, чемпиони Тоҷикистон оид ба лижаронӣ мебошад.