Клуби футболи «Хуҷанд», ки раҳбарии онро чанде қабл муррабии тими ҷавонони Тоҷикистон Мубин Эргашев ба уҳда гирифт, ҳайати дастаро пурзӯр карданист.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати даста бозингарони тими миллии Тоҷикистон – ҳамлагар Юсуф Рабиев ва нимҳимоятгар Маҳмадалӣ Содиқов, ки қаблан дар ҳайати тими «Истиқлол»-и  пойтахт ҳунарнамоӣ карда, ду маротиба бо ин даста ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон шарафёб шуданд, даъват шудаанд.

Мубин Эргашев ба дастаи нави худ инчунин бозингарони «Вахш»-и Қӯрғонтеппа – ҳимоятгарон Сиёвуш Асроров ва Сергей Абрамов, нимҳимоятгар Ҷамолиддин Зардиевро низ даъват намудааст. Ҳамаи ин се бозигарон чанде қабл таҳти раҳбарии Эргашев дар ҳайати тими ҷавонони Тоҷикистон барои Ҷоми Иттиҳод дар Санкт-Петербург бозӣ карданд, ки дар он мунтахаби Тоҷикистон ҷои 8-умро ишғол намуд.