Ба дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе боз як футболбози русиягӣ Артем Петренко даъват карда шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии даста, нимҳимоятгари марказии 27-сола Артём Петренко қаблан дар ҳайати дастаҳои русиягии лигаи якум ва дуюми Русия, аз қабили «Лада» (Толятти), «Черноморец» (Новороссийск), «Металлург» (Липетск), «Нефтехимик» (Нижнекамск), «Динамо «Ставропол), «Амур» (Благовещенск) ва ғайра, ҳамчунин дастаи «Нистру» (Молдова) ҳунарнамоӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Артём Петренко рӯзи 21-уми феврал ба қароргоҳи дастаи «Истиқлол» ҳозир хоҳад шуд. Айни замон дастаи мазкур дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба тамрин машғул аст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ҳимоятгар Аҳтам Назаров (аз дастаи «Энергетик»), нимҳимоятгар Орзу Додхудоев (аз дастаи ССКА «Помир»), дарвозабони сербӣ Никола Стошич, ҳамлагари дастаи мунтахаби Уганда Юҷин Сепуйя, ҳимоятгари русиягӣ Роберт Жилин ва ҳамлагар бразилиягӣ Виллер Соуза Оливейра низ ба сафи дастаи «Истиқлол» пайваста буданд.