Беш аз 100 адад автомашина бо мухлисони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ба Хуҷанд роҳ пеш гирифтанд. Пагоҳ, 6-уми март дастаи дӯстдоштаи онҳо дар вохӯрии нахусти гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2013 бо тими «Ал-Рамта»-и Урдун қувваозмоӣ мекунад.

Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи «Равшан», мураббиёну футболбозони дастаи «Ал-Рамта» ва ҳайати хизматрасони онҳо аллакай ба Хуҷанд омада, дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум иқомат доранд.

Вохӯрии даври аввали гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2013 миёни дастаҳои Равшан (Кӯлоб) ва «Ал-Рамта» (Урдун) рӯзи 6-уми март соати 15-00 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад.

Доварони ин бозӣ аз Ӯзбекистон мебошанд. Сардовар Владислав Тсейтлин, ёварони ӯ – Ҷаҳонгир Саидов ва Ҳусниддин Шодмонов, довари эҳтиётӣ Азиз Осимов таъин шудаанд. Муҳаммадризо Касроӣ аз Эрон комиссари бозӣ таъин шудааст.