Варзишгарзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони мутлақи соли 1975 ва дорандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпии соли 1976 Зебуннисо Рустамова дубора ба ҳайси президенти Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон (АОТ) интихоб шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, чанде қабл бо иштироки Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев дар қароргоҳи Кумита ҷаласаи генералии Ассосиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон доир гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа аз ҳисоботи президенти АОТ дар давраи солҳои 2009-2013 натиҷагирӣ шуда, он қаноатбахш арзёбӣ шудааст. Роҳбари Ассотсиатсия Зебуннисо Рустамова бори дигар ба ҳайси президенти ассосиатсия барои давраи соли 2013-206 интихоб гардидааст.
Қобили зикр аст, ки Зебуннисо Рустамова мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар соли 1975 (Швейтсария), барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал дар соли 1976, 3-карат қаҳрамони ҷаҳон дар ҳайати тими собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, 3-карат қаҳрамони Аврупо, 15-карат қаҳрамони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, 20-карат қаҳрамони Тоҷикистон оид ба камонварӣ мебошад.
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста