Дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар шаҳри Галл (Олмон) варзишгари тоҷик Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 80,71 метр афканда, соҳиби медали тило ва ба рекорди нави шахсии худ ноил гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс»  котиби Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Евгений Шумарин хабар дод, дар силсилаи ҷаҳонии мусобиқоти варзиши сабук имрӯз ин натиҷа беҳтарин маҳсуб меёбад. Барои расидан ба ин натиҷа Дилшод Назаров панҷ маротиба гурз афканд.

Дар ин мусобиқа зинаи дуюмро бо натиҷаи 77,86 метр гурзафкани олмонӣ Маркус Эссер ва мақоми сеюмро бо натиҷаи 77,07 метр варзишгари рус Сергей Литвинов ишғол карданд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми май дар мусобиқоти Даъвати ҷаҳонӣ дар Бразилия низ Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,49 метр партофта, медали тило ба даст овард. Рӯзи 5-уми май дар Ҷопон бо натиҷаи 77,61 метр ӯ мақоми дуюмро касб намуд.