Шурӯъ аз 15-уми июн рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар пойтахти ҷумҳурӣ Рӯзҳои варзишу солимгардонӣ баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар робита ба инобати дастури сарвари давлат дар мулоқот бо ҷавонон ва бо мақсади рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавӣ гардонидани машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, ҷалби бештари аҳолӣ ба машқҳои сабуки варзишӣ ва дар ин замина таъмин намудани солимгардониву болидарӯҳии сокинони пойтахт қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев содир шуд.

Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт супориш дод, ки рӯзҳои шанбе тамоми иншооти варзишӣ, ки аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ маблағгузорӣ мешаванд, барои аҳолӣ ройгон хизматгузорӣ кунанд.

Ҳамчунин мақомоти шаҳрдорӣ аз тамоми роҳбарони сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ ва хусусӣ сарфи назар аз шакли моликият, даъват ба амал овард, ки дар кори рӯзҳои шанбе баргузор намудани омодагии ҷисмонии аҳолӣ ва чорабиниҳои варзишӣ саҳм бигиранд.