Собиқ ҳамлагари машҳури тими овозадори «Помир»-и Душанбе Мӯҳсин Муҳаммадиев сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мешавад.

Тавре сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев хабар дод, пагоҳ, 2-юми июл зимни конфронси матбуотӣ дар ФФТ Мӯҳсин Муҳаммадиев зери қарордоди сесола имзо мегузорад.

Оғози конфронси матбуотӣ – 15:00. Тамоми рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ даъват карда мешаванд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев 21-уми октябри соли 1966 таваллуд шудааст. Устоди варзиши ИҶШС. Дар дастаҳои «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа (солҳои 1984-1985); «Помир»-и Душанбе (1985-1992), «Локомотив»-и Маскав (1992-1993), «Анкарагучу»-и Туркия (1993-1994), «Спартак»-и Маскав (1994-1995), «Локомотив»-и Нижний Новгород (1996-1997), «Аустрия»-и Вена (1997-1998), «Торпедо»-и Маскав (1998) ва дигар тимҳо ҳунарнамоӣ кардааст.