Котиби куллии Федератсияи Футболи Точикистон Фирдавс Файзуллоев бо ихтиёри худ тарки вазифа кард.

Тавре сомонаи ФФТ хабар медихад, Файзуллоев дар ин мақом 1,5 сол кор кардааст. Ӯ барои ҳамкории муштарак раҳбарият ва кормандони ФФТ-ро миннатдорӣ намуд. Сабаби ихтиёран аз вазифа даст кашидани Файзуллоев зикр нагардидааст.

Мувофиқи иттилоъ, котиби кулли нави Федератсияи Футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев, ки қаблан раҳбарии шӯъбаи байналхалқии Федератсияро иҷро мекард, таъйин шуд.