Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали Универсиада, ки 7-уми июл дар Қазон оғоз шуд, соҳиби ду медал гардиданд.

Айни ҳол, дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни 162 кишвари иштирокдор, бо 2 медал ( 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар мақоми 19-ум қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар сабқат Абдуазим Бойназаров (то 68 кг) ва Маҳмад Миров (то 62 кг) медалҳои  нуқра ва биринҷиро соҳиб шуданд.

Мувофиқи иттилоъ, дар Универсиада, ки то 17-уми июл идома мекунад, 45 нафар варзишгари тоҷик дар нуҳ намуди варзиш иштирок меварзанд. Пас аз нахустин рӯзи мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён дар хисоби умумидастаӣ Русия бо 16 медал (6 тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи аввал буда, варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ (бо 3 +0+1) дуюм ва  Хитой (бо 2+4+2)  дар мақоми саввум чойгиранд. Аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ҳисоби умумидастаӣ Қирғизистон дар ҷойи шашум (2+0+2), Туркманистон – ҳафтум (1+2+3), Украина – ҳаштум (1+2+2), Беларус – нуҳум (1+1+1), Литва - чаҳордаҳум (1+0+0), Қазоқистон ва Тоҷикистон  – нуздаҳум (0+1+1), Молдова ва Узбекистан – ҷои 25-ум(0+0+3), Латвия – мақоми 27-умро ишғол мекунанд