Гӯштигири тоҷик дар риштаи самбо Комроншоҳи Устопириён ба гирифтани медали нуқраи мусобиқоти Универсиадаи XXVII-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия шарафёб гардид.

Бино ба иттилои торнамои расмии Универсиада, дар қувваозмоии ниҳоӣ барои дарёфти медали тило дар вазни то 90 кило самбочии тоҷик аз варзишгари Русия Павел Румянтсев бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрдааст.

Пас аз анҷоми қувваозмоии ниҳоӣ варзишгари рус Павел Румянтсев изҳор намудааст, ки барои ғалаба дар вохӯрии ниҳоӣ дастгирии мухлисон ба ӯ хеле кӯмак кардаааст. «Қувваозмоии ниҳоӣ душвортарин ва ҳарифи ман ҳарчанд ҷавон бошад ҳам, хеле пурқувват буд. Шояд имрӯз аз таҷрибаи кофӣ бьархӯрдор набуд, вале минбаъд дар шахси ӯ ман ҳарифи пурқувватеро мебинам», - иброз доштааст андешаҳои худро самбочии рус.

Дар ин вазни риштаи самбо Никола Милошевич (Сербия) ва Сӯҳроб Остонаев (Ӯзбекистон) ба медалҳои биринҷӣ соҳиб гардиданд.

Медали нуқраи Комроншоҳи Устопириён чорумин медали дастаи Тоҷикистон дар мусобиқоти Универсиадаи Қазон аст. Қаблан низ гӯштигирон барои дастаи Тоҷикистон як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Дар ҷадвали умумӣ аз рӯйи медалҳо дастаи Тоҷикистон дар мақоми 41-ум қарор дорад.

Аз рӯйи ҳисоби медалҳои Универсиадаи Қазон дастаи Русия бо 197 медал пешсаф аст, ки аз ин миқдор 100-тоаш медали тило – 52-тоаш – нуқра ва 45-тоаш – биринҷӣ мебошанд. Дастаи Ҷопон бо 55 медал (16-20-19) зинаи дуюм ва дастаи Чин бо касби 48 медал (16-20-12) мақомои сеюмро ишғол кардаанд.