Гӯштигири тоҷик дар риштаи самбо Нусратшоҳ Имомов медали панҷуми мусобиқоти Универсиадаи XXVII-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русияро барои дастаи Тоҷикистон ба даст овард.

Бино ба иттилои торнамои расмии Универсиада, Н.Имомов дар қувваозмоии ниманиҳоӣ дар вазни то 74 кило аз варзишгари рус Уалӣ Куржев шикаст хӯрда, ба гирифтани медали биринҷии ин вазни мусобиқоти риштаи самбо шарафёб гардид.

Ҳамин тариқ, дар ҷадвали умумӣ аз рӯйи медалҳо дастаи Тоҷикистон бо касби 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар мақоми 44-ум қарор дорад.

Аз рӯйи ҳисоби медалҳои Универсиадаи Қазон дастаи Русия бо 250 медал пешсаф аст, ки аз ин миқдор 126-тоаш медали тило, 67-тоаш – нуқра ва 57-тоаш – биринҷӣ мебошанд. Дастаи Ҷопон бо 70 медал (20-22-28) зинаи дуюм ва дастаи Чин бо касби 67 медал (23-26-18) мақоми сеюмро ишғол кардаанд.