Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Амрулло Холов зимни нишасти матбуотӣ имрӯз изҳор дошт, ки шахсан барои аз чемпионати кишвар берун кардани дастаи футболи ноҳия – «Панҷшер» дастур додаст.
Ӯ қайд кард, ки мақсад аз таъсиси даста ва рушди варзиш солимгардонии ҷомеъа ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба варзиш аст, аммо, мутаассифона, баъзе аз бозигарони дастаи номбурда дар майдон ба футбол машғул нашуда, ҷангу ҷидол мекунанд.
«Ман шахсан чанд маротиба бо ҳайати даста вохӯрдам ва онҳоро огоҳ сохтам, ки дар сурати беҳтар накардани ахлоқашон дастаро аз давом додани бозӣ дар чемпионати кишвар манъ мекунем. Мутаасифона ин насиҳату сӯҳбатҳои мо натиҷае надод», - гуфт раиси ноҳия.
Ба гуфтаи ӯ, чанде пеш як дастаи вилояти Суғд ба ноҳияи Ҷ.Румӣ омада буд ва дар рафти бозӣ рафори футболбозони «Панҷшер» раиси ноҳияро дар хиҷолат монд. Ин буд, ки Холов ба Федератсия футболи Тоҷикитон мактуб ирсол кард ва дастаро аз давом додани бозӣ дар Чемпионати кишвар озод сохт.
Раиси ноҳия ҳамчунин қайд кард, ки аз соли оянда даста аз ҳайати нави бозигарон иборат хоҳад буд ва имкон дорад, он дар чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ ширкат варзад.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста