Бори нахуст дар таърихи худ дастаи Тоҷикистон бо як ҳайати сершумор дар мусобиқоти Универсиадаи тобистонаи Қазон, ки имрӯз ба итмом мерасад, ширкат варзид ва панҷ медал ба даст овард, ки инро метавон як комёбие арзёбӣ намуд, аммо ҳамчунин бо боварӣ метавон зикр кард, ки кишвари мо ба дарёфти комёбии шоистатаре имкон дошт. Чунин ибрози андеша намуд ба ОИ «Азия-Плюс» шореҳи маъруфи тоҷик, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов.

Ба гуфтаи шореҳ, дар ҳисоби даставии мусобиқоти Универсиада миёни 162 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон зинаи 44-умро ишғол кард, вале дар ҳамин ҳол, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ варзишгарони тоҷик зинаи охир ва дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ мақоми 12-умро касб намуданд.

«Тавре қаблан гуфтам, дастаи Тоҷикистон бо ҳайати 50 нафар ба панҷ медали Универсиада – ду медали нуқра ва се биринҷӣ шарафёб гардида, инро метавон як дастоварде шумурд, лекин дар сурати дастгирии бештари ҳукумат ва ташкили ҳарчи хубтари дастгирии сарпарастон, варзишгарони тоҷик ба комёбиҳои бештар назаррас ноил шуда метавонистанд», - зикр кард номбурда.

Коршинос мутмаин аст, ки агар муддати зиёдтаре қабл аз оғози Универсиада ҳукумати Тоҷикистон ситоди тадорукоту омодагӣ ва иштироки варзишгарони ватаниро таъсис медод, натиҷаҳои варзишгарон хеле беҳтар мешуданд.

«Аз панҷ медал чортоаш ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва яктоаш ба донишҷӯи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тааллуқ доранд. Мутаассифона, дар мусобиқоти бокс, дзюдо ва варзиши сабук ҳеҷ яке аз намояндагони Тоҷикистон ба комёбие ноил нагардид», - тахъкид кард Н.Латифов.