Гуфтушуниди аз дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ба дастаи «Азал»-и Озарбойҷон гузаштани ҳимоягар Соҳиб Сувонқулов номуваффақона анҷом ёфт.

Бино ба маълумоти торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳимоятгари  дастаи мунтахаби Тоҷикистон Соҳиб Сувонқулов дар дастаи «Азал»-и Лигаи олии футболи Озарбойҷон дар давраи санҷишӣ қарор доштааст.

Гуфта мешавад, футболбози 24-солаи тоҷик дар чор вохӯрии санҷишии тими «Азал» ҳунарнамоӣ намуда, дар як бозӣ ба задани гол ноил гардааст. «Ҷонибҳо ба имзои қарордод наздик буданд, вале аз лиҳози шартҳои молиявӣ ба мувофиқа расида натавонистанд», - қайд мегардад дар маълумоти ФФТ.

Зимнан зикр мегардад, ки чанде қабл Соҳиб Сувонқулов ба ватан баргашта, фаъолияти худро дар дастаи «Истиқлол» идома медиҳад. Дар ҳайати ин даста Соҳиб Сувонқулов ду маротиба ба унвони чемпиони Тоҷикистон шарафёб шудааст.