Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳрҳои Бишкеку Канти кишвари ҳамсояи Қирғизистон мусобиқоти анъанавии байнулмилалии футболи «Ҷоми Дӯстӣ-2013» миёни наврасон (U-16) оғоз гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар вохӯрии нахустин футболбозони навраси Тоҷикистион бо тими мизбон – дастаи Қирғизистон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби бузурги 7 бар 2 дастболо шуданд. Ба бозигари дастаи ҷавонони «Вахш» (Қӯрғонтеппа) Худойдод Узоқов муяссар шуд, ки ба дастаи ҳариф 4 тӯб ворид намояд. Тӯбҳои дигари дастаро тарбиятгирандагони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ Рустам Толибов ва Собирҷон Гулков ва бозигари ҳайати ҷавонони дастаи «Равшан» (Кӯлоб) Муҳаммадҷони Ҳасан ба самар расониданд.

Гуфта мешавад, вохӯрии дуюмро дасти Тоҷикистон бо тими «Озарбойҷон» имрӯз, 5-уми август баргузор мекунад. Дар даври аввал футболбозони навраси озарбойҷонӣ бо ҳисоби 5 бар 3 бар дастаи Белорус ғолиб омаданд.