Дар вохӯрии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Қирғизистону Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек, ки рӯзи Иди Қурбон, 15-уми октябр доир гардид, футболбозони тоҷик бар дастаи мизбон бо ҳисоби 4 бар 1 ғолиб омаданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, голҳоро аз дастаи Тоҷикистон бозингарон Нуриддин Давронов (дақиқаи 6-ум), Дилшод Восиев (дақ. 29-ум), Фарҳод Тоҳиров (дақ. 33-юм) ва Соҳиб Саванқулов (дақ. 40-ум) ба ҳадаф расониданд.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ футболбозони тоҷику қирғиз бори аввал дар доираи мусобиқоти давраи интихобии Ҷоми даъвати КФО-2014 санаи 21-уми март бо ҳам вохӯрда, ин бозӣ бо пирӯзии футбобзони Қирғизистон бо ҳисоби 1 бар 0 анҷом ёфта буд.

Ҳамчунин мебояд зикр намуд, ки ин вохӯрии дуюми дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти сарварии сармураббии нав Муҳсин Муҳаммадиев аст. Дар вохӯрии аввал мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дастаи мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дода буд.