Мутахассиси варзидаи тоҷик Рашид Раҳимов сармураббии дастаи футболи Премйер-лигаи Русия – «Терек»-и Грознийи Ҷумҳурии Чеченистон таъин шуд. Дар ин бора рӯзи 7-уми ноябр президенти дастаи «Терек» Магомед Даудов ба журналистон хабар додааст.

Ба қавли Даудов, Раҳимов мутахассиси маъруф ва серталаб шинохта шуда, раҳбарият умедвор аст, ки ӯ вазъро беҳтар ва дастаро аз қисмати поёнии ҷадвал раҳо мекунад. Қарордод бо Раҳимов ба муддати ду сол ба имзо расидааст.

Айни ҳол «Терек» аз 15 бозӣ 9 хол ба даст оварда, як зина болотар аз ҷойи охирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад ва дар сурати дар ҳамин мақом боқӣ мондан, Премйер-лигаро тарк хоҳад кард.

Рашид Раҳимов ба сифати бозингар дар дастаҳои «Помир»-и Душанбе, «Спартак» ва «Локомотив»-и Русия, «Валядолид»-и Испания ва дастаҳои «Аустрия», «Адмира Ваккер» ва «Рид»-и Австрия ҳунармоӣ намуда, дар тимҳои «Амкар»-и Перм ва «Локомотив»-и Маскав ҳамчуни сармураббӣ фаъолият карда буд.