Президенти Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер дар робита ба пирӯзии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб дар мусобиқоти Чемпионати Лигаи олии мамалакат оид ба футбол ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон нома ирсол намуд.

Бино ба маълумоти ФФТ, дар номаи Блаттер аз президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ дархост мешавад, ки «табрикоти самимии маро ба дастаи фуутболи «Равшан» ба муносибати маротибаи дуюм чемпиони Тоҷикистон шудан ва анҷоми чемпионат бидуни ягон шикаст бирасонед».

«Табрикот ва орзуҳои неку самимии маро ба ҳамаи бозингарони даста, менеҷерон, ҳайати техникӣ ва тиббӣ ва ҳамаи мухлисони даста бирасонед, зеро бидуни шубҳа онҳо дар ғалабаи даста саҳми беандоза доранд. Аз номи ҷомеаи футболи ҷаҳон барои бозии зебо ба дастаи «Равшан» миннатдорӣ изҳор намуда, ба ҳамаи ҳайати даста дар оянда комёбиҳо таманно дорам», - омадааст дар номаи президенти ФИФА.