Дар мусобиқоти Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (то 21-сола) оид ба дзюдо дар шаҳри Хайнани Чин гӯштингири тоҷик Санавбар Шанбиев (вазини 100 кило) ба медали биринҷӣ соҳиб шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин мусобиқот дастпарвари бошгоҳи варзишии «Вастан» Санавбар Шанбиев бар ду дзюдочиии чинӣ ғолиб омада, аз гӯштингири ҷопонӣ шикаст хӯрдааст.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар ин шаҳр (11-12-уми декабр) Чемпионати VII-уми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон (то 17-сола) доир гардида, намояндагони Тоҷикистон - Адҳам Мисҳоқов дар вазни то 73 кило ба медали тилло, Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило ба медали нуқра ва Фаррух Салимов длар вазни 81 кило ба медали биринҷӣ соҳиб шуданд. Дар мусобиқоти шаҳри Хайнан 11 варзишгари тоҷик ширкат варзиданд.