Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии кураш миёни калонсолон, ки аз 12 то 16-уми декабр дар шаҳри Истамбули Туркия доир гардид, аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Саидҷалол Саидов (вазни то 81 кило) ва Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кило) ба медалҳои тиллои мусобиқот ноил гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар дод, дар қувваозмоии финалӣ Саидов паҳлавони ӯзбек Бектош Сафаров ва Устопириён гӯштигири эронӣ Алӣ Муҳаммадниёро шикаст додаанд.

«Ғайр аз ин, гӯштигирони тоҷик Исмоил Боймуродов (вазни то 66 кило) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (вазни беш аз 100 кило) медалҳои нуқраи мусобиқотро ба даст оварданд», - гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш миёни занону мардон дар Туркия намояндагони беш аз 50 кишвари дунё ширкат варзиданд.