Дар Чемпионати XIX-уми ҷаҳон оид ба самбои ҳарбӣ, ки рӯзҳои 13-14-уми декабр дар шахри Маскав баргузор шуд, варзишагри тоҷик Муин Гафуров ба гирифтани медали тиллои мусобиқот шарафёб гардид.

Намояндагони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Зуҳур Нурмаҳмадов ва Ризвониддин Бурҳонов соҳиби медалҳои нуқра ва Файзӣ Тобатов медали бириниҷии мусобиқотро ба даст овард.

Тавре дастандаркорони чорабинии мазкур зикр карданд, ҳадаф аз баргузории ин мусобиқот таконбахшӣ ба рушди самбои ҳарбӣ бо мақсади шомил кардани ин навъи варзиш ба барномаи олимпиада аст. Дар ин мусобиқот, ки дар маҷмааи варзишии маъруфи «Крыля Советов» доир гардид, 110 нафар варзишгарон аз 18 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Таҳти сарварии  варзишгари маъруф оид ба самбои ҳарбӣ Аъзам Хокиров дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқот варзишгарон – Анвар Одинаев (вазни 57 кило), Муин Гафуров (62 кило), Ризвониддин Бурҳонов (68 кило), Ҳазратулло Абдусаломов (74 кило), Зуҳур Нурмаҳмадов (82 кило) ва Файзӣ Тобатов (90 кило) намояндагӣ карданд.