Варзишгарони шаҳри Исфара давоми ёздаҳ моҳи соли гузашта 86 медали тиллоро соҳиб шудаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, варзишгарони шаҳри Исфара дар 36 мусобиқаи шаҳрӣ, 9 мусобиқаи кушоди вилоятӣ, 15 мусобиқаи вилоятӣ, 16 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 1 мусобиқаи Осиё, 14 мусобиқаи байналхалқӣ, 3 мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок намуда, соҳиби 67 медали нуқра ва 91 медали биринҷӣ низ гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Исфара 4 мактаби варзишии наврасону бачагон фаъолият дорад, ки дар он 56 нафар мураббиён, аз ҷумла 7 нафар занон дар 126 гурўҳи варзишии машқӣ ба 1278 нафар, аз ҷумла 155 нафар духтарон машқҳои тамринӣ мегузаронанд.

Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар шаҳри Исфара 80 ҳазору 939 нафар ҷавонон ба қайд гирифта шудаанд, ки 40 ҳазору 216 нафари он духтарон мебошанд.