Ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Дилшод Восиев соли дуюм паиҳам беҳтарин футболбози Тоҷикистон дониста шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Дилшод Восиев дар мавсими имсола 10 тӯб ба ҳадаф расонида, дар сабқати ноил гардидан ба ин унвони фахрӣ аз ҳимоятгари дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Ҳасан Рустамов ва нимҳимоятгари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода Хуршед Маҳмудов пеш гузаштааст.

Гуфта мешавад, рӯзи ҷумъа ба Дилшод Восиев ҷоизаи аз ҷониби газетаи Marca таъсисёфта тақдим карда шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷоизадорони мавсими футболи соли 2013-и Тоҷикистонро муайян кард.

Ҷоизадорони мавсими соли 2013-и футболи Тоҷикистон:

Беҳтарин дарвозабон – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»).

Беҳтарин ҳимоятгар – Ҳасан Рустамов («Равшан»).

Беҳтарин нимҳимоятгар – Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин ҳамлагар – Мирзобек Мирзоев («Хайр»)

Нишонзани беҳтарин – Ҳусейни Суҳробӣ («Истиқлол») – 11 тӯб.

Беҳтарин мураббӣ – Рустам Хоҷаев («Хайр»).

Беҳтарин довар – Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Беҳтарин мураббии кӯдакон – Сафар Раҳмонов (МҶМОВ)).

Беҳтарин бозигари футзал – Миралӣ Шарифов («Бонки миллӣ»).

Беҳтарин футболбоззан – Мадина Фозилова («Ласточка»).

Беҳтарин бозигар миёни кӯдакони соли таваллуди 2000-2001 – Аслан Камолов (Академияи «Истиқлол»).

Беҳтарин бозигар миёни наврасони соли таваллуди 1998-1999 – Ваҳдат Ханонов (МҶМОВ).

Беҳтарин бозигар миёни наврасони соли таваллуди 1996-1997 – Алишер Сафаров  (МҶМОВ).

Беҳтарин легионери чемпионати Тоҷикистон – Дэвид Мауто («Равшан»).

Беҳтарин футболбози Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти хориҷи кишвар бозӣ мекунад – Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия).

Беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2013 – Дилшод Восиев («Истиқлол»).