Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки шумори дастамунтахаби иштирокӣ дар Ҷоми Осиё-2019-ро аз 16 даста то ба 24 даста зиёд кунад. Тоҷикистон низ дар даври интихобии ин мусобиқот ширкат мекунад.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ» , мувофиқи шаклҳои нав Ҷоми даъвати АФК, ки моҳи майи соли равон дар Ҷазоири Молдив баргузор мешавад, охирин бор доир хоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, даврҳои интихобии чемпионати ҷаҳон ва Ҷоми Осиё муттаҳид карда мешавад. Бар асоси теъдоди дархостҳо тимҳои мунтахаб дар давраи аввали пешакӣ ба ҳашт гурӯҳ тақсим мешаванд. Агар ҳамаи 47 ассотсиатсия – аъзои АФК иштироки худро дар давраи аввали интихобӣ тасдиқ намоянд, 7 гурӯҳи 6-дастаӣ ташкил шуда, як гурӯҳ аз 5 даста иборат мешавад. Бозиҳо аз рӯи системаи «хона - сафар» барпо мегарданд.

Ҳашт ғолиби гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум мустақиман ба Ҷоми Осиё -2019 роҳхат мегиранд ва дар давраи дувуми интихобӣ барои роҳ ёфтан ба чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол дар Русия мубориза мебаранд.

 24 дастае, ки дар давраи аввали интихоби ҷойҳои 2-5-умро мегиранд, барои 12 роҳхати боқимонда ба Ҷоми Осиё-2019 талош мекунанд. Бояд гуфт, ки дар давраи аввали марҳилаи интихобӣ шаш гуруҳи иборат аз чордастаӣ ташкил мешавад. Бозиҳо, ба мисли давраи аввал, аз рӯи системи «хона – сафар» барпо мегарданд. Ду дастаи пешсафи ҳар яке аз шаш гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат мегиранд.

Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Тоҷикистон ягон бор дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат накардааст. Бори охирин тими миллии Тоҷикистон дар давраи интихобии чемпионати Осиё 11 сол муқаддам – соли 2003 иштирок карда буд.

Кумитаи мусобиқоти АФК, инчунин, қарор кард, ки рейтинги ассотсиатсияҳо дар асоси натоиҷи ширкати дастаҳои мунтахаб ва бошгоҳҳо дар чаҳор соли ахир дар мусобиқоти АФК тартиб дода шавад.

 Баъди тасдиқи рейтинг ассотсиатсияҳое, ки ҷойҳои аз 1-ум то 24-умро мегиранд, ба ҳаққи ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2015 мушарраф мешаванд. Ба гайр аз ин, ассотсиатсияҳои дар қисми болоии рейтинг (топ-24) ҷойгиршуда бояд аз санҷиши меъёрҳои литсензионии бошгоҳҳо гузаранд. Ассотсиатсияҳое, ки дар рейтинг ҷойҳои аз 25-ум то 32 –юмро мегиранд, ҳуқуқи иштирок дар Ҷоми АФК-2015-ро аз даври гурӯҳӣ ба даст меоранд. Ассотсиатсияҳое, ки дар рейтинги АФК дар ҷойҳои 33-47 қарор мегиранд, имкон пайдо мекунанд дар Ҷоми АФК аз марҳилаи плей-офф ширкат варзанд.

 Ёдовар мешавем, ки дар рейтинги охирини АФК Тоҷикистон  дар ҷойи 26-ум қарор дорад. Агар тагйироте ба амал наояд, қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2014 муборизаро барои Ҷоми АФК-2015 аз давраи гурӯҳӣ шурӯъ хохад кард.

 Ҳамаи қарорҳои кумитаи баргузории мусобиқот баъди барраси ва тасдиқи онҳо дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи АФК дар амал ҷорӣ мешаванд.