Ҳамлагари 25-солаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов, ки се мавсими ахир дар тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳунарнамоӣ дошт, минбаъд дар чемпионати футболи Озарбойҷон, дар сафи дастаи АЗАЛ-и Боку бозӣ хоҳад кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбози тоҷик бо дастаи АЗАЛ ба муҳлати 2 сол қарордод ба имзо расонидааст. Дар ин даста ӯ таҳти рақами 22 ҳунарнамоӣ мекунад.

 Ба гуфтаи футболбоз, аз 10-уми январ ӯ дар давраи санҷишӣ дар ин даста қарор дошта, дар 5 бозии санҷишии даста ширкат варзидааст. Ҳамоқулов дар яке аз ин бозиҳо се тӯб ва дар бозии дигар ду тӯбро ба ҳадаф расонидааст.

Қобили зикр аст, ки дар чемпионати футболи Озарбойҷон 10 даста ширкат варзида, мусобиқот дар 4 давр сурат мегиранд. Айни замон дастаи АЗАЛ дар мақоми 7-уми ҷадвали ин чемпионат қарор дорад.