Ахири ҳафтаи гузашта тасмим гирифта шуд, ки дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, ки бо Афғонистони ҳамсоя ҳаммарз аст, як маркази дӯстдорони лижаронӣ таъсис дода шавад.

Раиси ноҳия Амирхон Икромов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ин муносибат дар ҳудуди деҳаи Зулмобод дар нишебиҳои кӯҳсорон мусобиқоти лижатозӣ барпо карда шуд, ки дар он то 150 нафар ширкат варзиданд. «Ҳукумат барои ҷоизаву туҳфаҳо ба ғолибони мусобиқот маблағи кофӣ ҷудо намуда, шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи минтақаи Кӯлоб ба марказ 200 комплекти лавозимоти лижаронӣ тақдим кард», - иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки шӯроободиҳо ният доранд, ки дар мусобиқоти нахустини сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ, ки моҳи апрели соли равон дар дараи Варзоб доир мегарданд, муваффақона ҳунарамоӣ кунанд. «Баҳри рушду тақвияти фаъолияти марказ ва сайқал долдани маҳорату малакаи варзишгарон мо оянда як мураббии касбиро оид ба ин навъи варзиш ҷалб хоҳем кард», - афзуд номбурда.