Даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 26-уми апрел бо ду бозӣ шурӯъ шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитиаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ҳарду бозӣ бо натоиҷи мусовӣ хотима ёфт. Бозӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд - «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бидуни гол ба охир расид. Бозии дигар миёни ду дастаи шаҳри Душанбе - «Истиқлол» ва «Энергетик» - бо ҳисоби 2:2 поён ёфт.
Ба иттилои манбаъ, ду бозии дигари даври сеюм рӯзи якшанбеи 27-уми апрел баргузор шуда, дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе аз тими меҳмон - Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – бо ҳисоби бузурги 0-3 шикаст хӯрд. Дар бозии дигар дастаи мизбон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард.
Гуфта мешавад, бозии охирини ин давр имрӯз, 28-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаҳои «Равшан» - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргузор мешавад.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста