Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз тими меҳмон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - бо ҳисоби бузурги 2-5 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин бозии мавқуфгузоштаи даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури 4500 тамошобин баргузор шуд, шоми имрӯз, 7-уми май, поён ёфт.

Панҷ голи «Парвоз»-ро Юсуф Рабиев (6), Маъруф Умаров (23), Ҷаҳонгир Алиев (38) ва Фарҳод Тоҳиров (40, 66) заданд. Ду голи «Равшан»-ро Наврӯз Рустамов (14, аз пеналтӣ) ва Индус Ҳусейнов (85) ба ҳадаф расонданд.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 36-уми бозӣ сардовар Баҳром Саъдуллоев аз шаҳри Қӯрғонтеппа бозигари «Равшан» Фаридун Рустамовро барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ аз майдон хориҷ кард.

Бозиҳои даври чоруми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 10-11-уми май баргузор мешаванд. Се бозӣ рӯзи шанбе байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Равшан» (Кӯлоб) барпо мегардад.

Ду бозии дигари даври чорум рӯзи якшанбе миёни тимҳои «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) – ССКА «Помир» (Душанбе) ва «Энергетик” (Душанбе)  – “Хайр” (Ваҳдат) сурат мегирад.