Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ рӯзи 16-уми май маҷлиси ҳисоботиву интихоботии Федератсияи тенниси рӯи мизро баргузор кард, ки дар он Рустам Холиқов президенти ин федератсия интихоб шуд. Ин федератсияро қаблан соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов роҳбарӣ мекард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Федератсияи мазкур хабар доданд, Рустам Холиқов устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ буда, давоми солҳои 2004-2008 низ ин вазифаро бар дӯш дошт ва ба ин мақом якдилона интихоб шудааст.

«Дар қатори ӯ Алӣ Бобоев, довари дараҷаи байнулмилалӣ, Корманди шоситаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ, ки тӯли солҳои 1994-2000 федератсияро роҳбарӣ мекард, ноиби президенти Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб гардид», - гуфтанд дар Федератсия.

Зимнан зикр гардид, ки устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ, қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон, ғолиби Чемпионати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сироҷиддин Исмоилов директори иҷроияи Федератсия интихоб шудааст.