Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар шаҳри Халлери Олмон гурзандози маъруфи тоҷик бо натиҷаи 79,58 метр зинаи дуюмро ишғол кард.

Мақоми аввалро бо натиҷаи 80,07 метр варзишгари Полша Павел Файдеку ва зинаи сеюмро бо нишондиҳандаи 76,83 метр гурзандози рус Сергей Литвинов касб карданд.

Қобили зикр аст, ки баъдан мусобиқа аз силсилаи Ҷоми даъвати ҷаҳонии варзиши сабук шурӯъ мешавад. Рӯзи 2-юми июн чунин мусобиқа дар шаҳри Бидгоши Лаҳистон барпо мегардад. «Барои ман имсол ду мусобиқаи бузургтарин – яке Ҷоми ҷаҳонии варзиши сабук аст, ки моҳи сентябр доир мешавад ва дигаре Бозиҳои XVII осиёист, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад», - изҳор дошта буд Дилшод Назаров.

Дилшод Назарови 32-сола аз хушномтарин ситораҳои варзиши тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона - соли  2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 31 сантиметр мебошад.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари соли 2013 эълон кардааст.