Равзатулло Исоев, паҳлавони ҷавони тоҷик, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин роҳхати сеюми варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи дуюми наврасон ба шумор меравад. Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуфт, «мо рӯзи 22-юми май аз номи Мишел Дуссон, дабири кулли FILA(Федератсияи байналмилалии гуштӣ) нома гирифтем. Дар ин нома, ки ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ирсол шудааст, ҷаноби Дуссон навиштааст, ки се варзишгари Тоҷикистон – Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии озод дар вазни 100 кг, Равзатулло Исоев (42 кг) ва Тоҳирҷон Охунов (85 кг) – ҳарду оид ба гуштии юнониву румӣ - соҳибони роҳхатҳо ба  Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин шуданд.”

Бояд гуфт, ки варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи литсензионии қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ байни наврасон, ки аз 8-ум то 11-уми май дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуда буд, барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза бурданд.

Фирӯз Ёқубов дар намуди гуштии озод дар рақобатҳо дар вазни 100 кг мақоми аввалро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи дувуми наврасон гардид. Роҳхати дувумро барои Тоҷикистон Тоҳирҷон Охунов овард. Вай дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни то 85 кг ҷойи дувумро гирифт.

Дар намуди гуштии юнониву румӣ Равзатулло Исоев дар вазни то 42 кг ва Бахтовар Ҳасанов дар вазни то 58 кг ҷойҳои севумро соҳиб шуда, ба рӯйхати «интизоршавандаҳо» дохил шуданд, яъне дар мавриди аз иштирок дар Олимпиадаи Нанҷинг даст кашидани варзишгарони дигар кишварҳо, ин гуштигирони тоҷик метавонанд ҷойҳои онҳоро бигиранд. Чунин ҳуқуқ насиби Равзатулло Исоев гардид.

Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон аз 16-ум то 28-уми август дар шаҳри Нанҷинги Чин доир мешаванд.

Варзишгарони навраси тоҷик соли 2010 дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст оварда буданд.Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар намуди таэквон-до ВТФ дар вазни то 44 кг медали биринҷӣ гирифтанд.