Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якшанбе дар вохӯрии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей ҳузур дошт. Ӯ ҳамроҳи сарони кишварҳои Белорус ва Русия дар варзишгоҳи «Минск Арена» бозии финалии чемпионат миёни дастаҳои мунтахаби Русия ва Финландияро тамошо кард.

Бозии финалӣ ба фоидаи хоккейбозони русимягӣ бо ҳисоби 5 бар 2 анҷом ёфта, тими ммунтахаби Русия бори шашум чемпиони ҷаҳон оид ба хоккей шуд. Хоккейбозони Русия дар ҳамаи 10 бозии чемпионати мазкур ғалаба ба даст оварданд.