Нимаи аввали моҳи августи соли равон байни сарбозони қисмҳои низомии гарнизони Хоруғ барои дарёфти Ҷоми вазири мудофиа мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, мусобиқаи варзишӣ, ки давоми панҷ рӯз идома кард, дастаҳои варзишии қисмҳои ҳарбӣ аз рӯйи намуди ҷанги тан ба тан, гӯштини дзюдо, давидан ба масофаи 100 метр ва футболи хурд байни ҳам сабқат намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар фарҷом ғолибони мусобиқа бо Ҷоми вазири мудофиа, медалу ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамасола чунин мусобиқаҳои варзишӣ бо дастгирии роҳбарияти Вазорати мудофиа дар тамоми қисмҳои ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.