Бозии марказии давраи 11-уми Лигаи олии футболи мамлакат миёни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Истиқлол»-и Душанбе на дар шаҳри Ваҳдат, чӣ тавре ки пешбинӣ шуда буд, балки имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар робита ба омодагирии дастаи мунтахаби футболи кишвар ба бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Беларус, ки рӯзи 4-уми сентябр дар варзишгҳи «Борисов-Арена» баргузор мешавад ва назардошти дархости шахсии сармураббии дастаи мунтахаб Муҳсин Муҳаммадиев оид ба доир гардидани ин бозӣ дар Варзигоҳи марказӣ, Бюрои Кумитаи иҷроияи ФФТ чунин тасмим гирифтааст. Оғози бозӣ соати 17-00 муқаррар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки баъди 10 даври мусобиқи Лигаи олии футболи мамлакат дастаи «Истиқлол» бо касби 28 имтиёз зинаи аввали ҷадвали мусобиқотро ишғол намуда, дастаи «Хайр» бо касби 16 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.