Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо 4 дзюдочии тоҷик ба нокомӣ дучор шуданд.

Бино ба итттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар қувваозмоиҳои рӯзҳои 25-27-уми август паҳлавонони тоҷик Каъбатулло Аминов (вазни 60 кило), Расул Абдушарифов (66 кило), Самандар Қаландаров (66 кило) ва Саидмухтор Расулов (73 кило) дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ  ширкат карда,, вале аз  ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомиланд: Каъбатулло Аминов (60 кг), Расул Абдушарифов (66 кг), Самандар Қаландаров (66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарход Раҳимов (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (90 кг), Дадахон Қурбоналиев (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг).

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо, ки рӯзи 25-уми август дар шаҳри Челябински Русия шурӯъ шуд, беш аз 700 варзишгар (мардону занон) аз 110 кишвар ширкат доранд. Дар сабқати инфиродӣ мардону занон барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) мубориза мебаранд. Инчунин сабқати дастаӣ барои ду маҷмӯи медалҳо баргузор мешавад. Мусобиқа то рӯзи 31-уми август идома хоҳад кард.

Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқа дар Челябинск дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби чор медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ пешсаф аст.