Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Қоҳира бо иштироки шаҳрвандони тоҷики муқими Миср мусобиқаи футбол барпо шуд.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср, чорабинии мазкур аз ҷониби сафорат ба истиқболи 23-умин  солгарди Рӯзи Истиқлоли кишвар созмон дода шудааст.

Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ ширкаткунандагони мусобиқаи футболро ба муносибати ҷашни миллии кишвар табрик намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар мусобиқа даҳ даста иштирок карда, ба дастаҳои пирӯз, инчунин ба дарвозабон ва ҳамлагари беҳтарин аз номи Сафорат ҷоизаҳои вежа тақдим гардиданд.