Раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев рӯзи 19-уми сентябр бо ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки ба маркази маъмурии ВМКБ ташриф оварданд, мулоқот кард.

Тавре хадамоти матбуоти ФФТ хабар медиҳад, дар мулоқоти мазкур сардори шуъбаи футболи кӯдакону наврасони Федератсия Анваршо Мирзоев ва муовини раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Увайдо Давлатбеков ҳузур доштанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот зикр гардид, ки санаи 20-уми сентябр дар шаҳри Хоурғ ба муносибати Соли футболи оммавӣ дар ҷумҳурӣ фестивали футбол барои кӯдакон доир мегардад.

«Умедворем, ки ин иди варзиш дар сатҳи баланди тадорукотӣ сурат гирифта, ба кӯдакон щодиву нишоти зиёд меорад», - гуфтааст Имомбердиев.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди футбол дар шаҳр ва сохтмони майдонҳои футбол бо рӯйпӯши сунъӣ дар маркази вилоятро низ баррасӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ дар доираи чорабиниҳои Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон ду фестивали футбол баргузор мешавад, ки дар он кӯдакони ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа ширкат меварзанд. Ба ҳамаи иштирокчиёни фестивал тӯбҳои футбол бо навиштаи «Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон» тақдим карда мешаванд.