Вақти асосии вохӯрии дӯстона, ки миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Шалке-04»-и Олмон дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон доир гардид, мусовӣ бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар силисилаи зарбаҳои 11-метра бошад, меҳмонон бо ҳисоби 4 бар 5 дастболо шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯриро гурӯҳи доварон бо сарварии ёвари довари ФИФА Баҳром Саъдуллоев аз Қӯрғонтеппа ва доварон ёварони довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), Акмал Бӯриев (шаҳри Турсунзода) ва довари эҳтиётӣ Хуршед Додобоев (Хуҷанд) доварӣ карданд.

Ҳисобро дар дақиқаи нуҳуми бозӣ футболбози меҳмонон Ҷонас Нетфелд кушода, дар дақиқаи 60-ум футболбози дасти «Истиқлол» Дилшод Восеив мусовӣ кард. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 5 бар 4 меҳмонон ғолиб омаданд.