Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон машғулиятҳои байнулмилалӣ оид ба футбол барои мураббиён аз рӯи барномаи ҳамраъйии олимпӣ оғоз гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти КМО Тоҷикистон, машғулиятҳоро дар ин давраи омӯзишӣ футболбози машҳури замони шӯравӣ, футболбози беҳтарин дар таърихи футболи Белорус, дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо (соли 1988) дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқ нимҳимоятгари дастаҳои «Динамо»-и Минск ва «Ювентус»-и Италия Сергей Алейников баргузор мекунад.

Машғулиятҳои байнулмилалӣ оид ба футбол барои мураббиён аз ҷониби Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) созмон дода шуда, дар ин машғулиятҳо 25 нафар мураббиёни футбол аз минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок мекунанд.

Дар маросими ифтитоҳи машғулиятҳо дабири кулли КМО ҶТ Баҳрулло Раҷабалиев ва котиби генералии ФФТ Ислом Маҳмадшоев ба Сергей Алейников барои розигиаш дар баргузории ин машғулиятҳо миннатдорӣ изҳор намуда, дар муроҷиат ба иштирокчиёни машғулиятҳо изҳори умедворӣ карданд, ки минбаъд мураббиён дар фаъолияти худ аз донишу таҷрибаи омӯхтаашон дар ин машғулиятҳо пурсамар истифода хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки Сергей Алейников дар дастаҳои «Динамо» Минск (солҳои 1981 - 1989), «Ювентус» Турин, Италия (1989 - 1990), «Лечче», Италия (1990 - 1993), «Гамба Осака», Япония (1993 - 1995), «Оддеволде», Шветсия (1996), «Корильяно», Италия (1997) ҳунарнамоӣ карда, дар як қатор дастаҳои футболи Италия ба ҳайси мураббӣ низ фаъолият кардааст.

Дар мусобиқоти Чемпионатҳои Аврупо (солҳои 1988 ва 1992), Чемпионати ҷаҳон (солҳои 1986 ва 1990) низ ширкат варзида, аз рӯи назарсанҷӣ ба муносибати 50-солагии Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЭФА) беҳтарин футболбози Белорус дар тӯли 50 сол эътироф гардидааст.