Бозиҳои даври 18-ум ва охирини мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми ноябр баргузор шуданд, барандагони медалҳои нуқраву биринҷиро маълум карданд.

  Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ», , арои ҷойҳои дувуму севум се даста - "Хайр”-и Ваҳдат, "Хуҷанд”-и Хуҷанд ва  "Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан талош карданд. "Хайр”, ки дар даври охирин дар майдони худ бар ССКА "Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд, бо 35 имтиёз дар ҷадвали ниҳоии мусобиқа мақоми дувум ва медалҳои нуқраро азони худ кард.  

"Далерон-Ӯротеппа”, ки бидуни бозӣ бо "Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби фаннии 3-0 ғолиб дониста, соҳиби се имтиёзи гаронбаҳо гардид, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад. Футболбозони шаҳри Истаравшан бо 33 имтиёз ҷойи севумро касб карданд.  

Вале "Хуҷанд” бозиро дар меҳмонӣ бо "Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1-1 анҷом дод ва бо 32 имтиёз дар ҷойи чорум қарор гирифт ва аз медалҳо бенасиб монд.

Дар даври охирин, инчунин, "Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар "Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард. Вале барои "Истиқлол”, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта буд, натиҷаи ин бозӣ аҳамият надошт. "Регар-Тадаз» бошад, барои дар байни панҷ дастаи беҳтарин ҷойгир шудан мубориза бурд. Футболбозони шаҳри Турсунзода, ки имсол бо мушкили молӣ рӯбарӯ шуданд, дар натиҷа бо 20 имтиёз ҷойи 6-умро гирифтанд.

Дастаи "Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, ки дар майдони худ "Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 5-2 шикаст дод, бо 25 имтиёз панҷум шуд. Вале қаҳрамони порсолаи Тоҷикистон – "Равшан” – бо 9 имтиёз дар зинаи охирини ҷадвал ҷой гирифт.       

Ба ин тартиб, "Истиқлол” (сармураббиаш Мубин Эргашев), ки барои севумин бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, бо медалҳои тилло, "Хайр” (сармураббиаш Тоҳир Муъминов) бо медалҳои нуқра ва "Далерон-Ӯротеппа” (сармураббиаш Маҳмадҷон Ҳабибулоев) бо медалҳои биринҷии мусобиқаи имсола сарфароз хоҳанд шуд.