Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави нашршудаи ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) нисбат ба моҳи гузашта 1 зина поин рафта, бо 214 имтиёз дар мақоми 135-ум қарор дорад.

Дар зинаҳои аввали рейтинг дастаҳои мунтахаби футболи Олмон, Аргентина, Колумбия, Белгия, Нидерланд ва Бразилия қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ мунтахаби Тоҷикистон нисбат рейтинги гузашта 1 зина поин рафта, акнун дар ҷойи 19-ум қарор дорад. Дар ин қора тими миллии Ҷопон пешсаф аст. Мунтахаби Эрон дар ҷойи дувум ва тими миллии Кореяи Ҷанубӣ дар зинаи севум мебошанд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.