Дастаи "Истиқлол”-Душанбе, қаҳрамони имсолаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар, бар асоси қуръакашӣ, ки, санаи 11-уми декабр, дар қароргоҳи АФК (Кофедератсиюни футболи Осиё), дар пойтахти Малайзия – Куала-Лумпур, баргузор шуд, дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи "С” бо тимҳои "Ал-Қодсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми АФК, "Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи охирини Ҷоми АФК ва ғолиби плей-офф (Умон, Туркманистон ва Қирғизистон) рақобат хоҳад кард. Ин гурӯҳро коршиносон "гурӯҳи марг” ном бурдаанд.

Бино ба иттилои дафтари матуботи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар қуръакашии Ҷоми АФК-2015 намояндагони 41 даста, ки 23 фелератсияи миллиро намояндагӣ карданд, ширкат доштанд. Бозиҳои даври гурӯҳӣ аз 24-уми феврал то 13-уми май баргузор мешаванд.

Дар Ҷоми АФК-2015 Тоҷикистонро ба ҷуз  «Истиқлол», дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, барандаи меалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, намояндагӣ мекунад.

«Истиқлол» ба сабқат аз даври гурӯҳӣ, «Хайр» бошад, аз даври плей-офф шурӯъ хоҳад кард. Ба «Хайр» барои он ки ба даври гурӯҳӣ роҳ ёбад, ду ғалаба ба даст овардан зарур аст.

Дар даври интихобӣ рақиби «Хайр» қаҳрамони Бангладеш - бошгоҳи «ШайхРассел» - мебошад. Ин бозӣ 10-уми феврали соли оянда дар Варзишгоҳи марказии шаҳриДушанбе баргузор мешавад. Дар мавриди пирӯзӣ, ”Хайр” дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 - бошгоҳи «Салом Ҷҳарта»- рақобат хоҳад кард.