Соли 2014 дар вилояти Суғд 61 чорабиниҳои варзишии гуногун гузаронида шудааст.

Бино ба иттилои хадаомти матбуоти раиси вилояти Суғд бо истинод ба Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, соли ҷорӣ 1668 нафар варзишгарони вилоят дар 71 мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намудаанд.

Гуфта мешавад, дар ин сол иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ назаррас буда, онҳо дар 39 мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ ширкат варзидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ варзишгарон дар маҷмӯъ ба гирифтани 2696 медал, аз ҷумла 877 медали тилло, 730 нуқра ва 1089 адад биринҷӣ шарафёб гардидаанд.